Май 19, 2018 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти Осиёи Марказӣ то соли 2050 94 миллион нафар мешавад

Тибқи пешбинии Созмони Милали Муттаҳид, ҷамъияти Осиёи Марказӣ дар соли 2050 ба беш аз 94 миллион нафар мерасад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, доираи умури иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ кард, ки ҷамъияти Осиёи Марказӣ то соли 2050 бо рушди бесобиқае рӯбарӯ мешавад ва ба 94.2 миллион нафар хоҳад расид.

Бар асоси гузориши ин марказ, дар соли 2050 ҷамъияти Узбакистон ба 40.8 миллион нафар, Қазоқистон ба 23 миллион, Тоҷикистон ба 14.5 миллион, Қирғизистон ба 8.1 миллион ва Туркманистон ба 7.8 миллион нафар хоҳад расид.

Ин марказ ҳамчунин мегӯяд, ҷамъияти Русия то соли 2050 ба 133 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Тибқи пешбинии ин марказ, Русия дар муқоиса бо соли 2015 бо коҳиши  20 миллионии ҷамъият рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҷамъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 ҳудуди  69 миллион нафар эълом шуд.