Май 20, 2018 13:02 Asia/Dushanbe
  • Амрико густариши фаъолияти ДИИШ-ро дар Осиёи Марказӣ рад кард

Амрико муддаӣ аст, изҳороти мақомоти Русия дар бораи таҳдиди гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷанбаи таблиғотӣ дорад.

Ба гузориши Спутник, сухангӯи вазорати дифои Амрико (Петагон) муддаӣ шуд, Русия бо ҳадафи тазъифи Амрико ва Афғонистон, ба талошҳои худ барои эҷоди ҳарос дар сатҳи байналмилалӣ дар бораи ДИИШ идома медиҳад.

Фолкнер ҳамчунин иддао кард, Русия дар пайи фурсате мегардад то миёни Амрико ва ширконаш дар Осиёи Марказӣ ихтилоф эҷод кунад ва иддаои талоши ДИИШ барои тасарруфи манотиқе дар Осиёи Марказӣ, иқдоме бар ҳамин асос аст.

Ин суханон пас аз он гуфта шуд, ки Олег Сиромолотов муовини вазири умури хорҷаи Русия авоили моҳи май эълом кард, террористҳои ДИИШ дар канори террористҳои дигаре, ки аз Ироқ ва Сурия гурехтаанд, дар ҳоли тақвияти мавозеи худ дар шимоли Афғонистон ҳастанд.

Афғонистон дар моҳҳои ахир саҳнаи ҳамлаҳои террористии хунине буда, ки ҳамаи онҳоро гурӯҳи террористии ДИИШ бар уҳда гирифтааст.

 

Барчасп