Ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди низомии Русия дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Mon, 21 May 2018 03:58:55 GMT )
Май 21, 2018 08:58 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди низомии Русия дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, ки 3 омили муҳим дар асоснок кардани дархости Қирғизистон барои ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди низомии артиши Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ва Узбакистон, дар водии Фарғона вуҷуд дорад.

Ба гузориши “Stanradar”, Игор Шестаков гуфтааст, ки дархости ахири Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисоди Авруосиё дар шаҳри Сочи барои ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди низомии артиш Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ва Узбакистон дар водии Фарғона баргирифта 3 омил муҳим аст.

Нахуст ин ки афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва таҳдид алайҳи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, зарурати ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди низомии артиши Русия дар ҷануби Қирғизистонро матраҳ мекунад.

Дуввум инки дар ҷараёни сафари раисони ҷумҳурии Қазоқистон ва Узбакистон ба Амрико, мавзӯи ҳамкориҳои низомии Вашингтон бо Остона ва Тошканд баррасӣ шуд, ки ин мавзӯъ нишон медиҳад давлати Доналд Трамп барои Осиёи Марказӣ барномаҳое дорад.

Ва сеюм инки Чин низ ба иллати таҳаррукоти гурӯҳҳои ҷудоиталаби уйғурӣ дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ ва муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ дар вилояти Синзяни Уйғур бо ифтитоҳи пойгоҳи ҷадиди низомии артиши Русия дар марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Узбакистон мухолифат нахоҳад кард.

Аз ин рӯ, Маскав бояд ин тарҳро бо шарикон ва ҳампаймонони хеш дар Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ ва Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, мавриди баррасӣ қарор диҳад ва ин маркази низомии ҷадид ба унвони пойгоҳи нируҳои муштараки Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, фаъолият кунад.