Сентябр 03, 2016 14:47 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз эҳтимоли бесуботӣ ва ҳузури террористҳо дар Узбакистон

Раиси Комиссияи умури байналмилали ДУМА-и Русия гуфт, Маскав пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон нигарони бурузи бесуботӣ дар ин кишвар, ба вижа қудратнамоии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Константин Косачев афзуд, ки нухбагони сиёсии Узбакистон намехоҳанд авзоъ дар даврони пас аз раиси ҷумҳурии ин кишвар бесубот шавад.

Косачев гуфт, ифротиҳо ба бурузи ҳарҷу марҷ дар ин кишвар алоқа доранд ва дар ин шароит Русия метавонад таъсири суботбахше дошта бошад.

Ин мақоми рус гуфт, гурӯҳҳое дар Узбакистон вуҷуд доранд, ки манофеи онҳо бо якдигар ё ҳар давлате, ки бар сари кор биёяд, мутобиқат намекунад ва сарнавишти кишвар ва минтақа низ ба тавоноии ин гурӯҳҳо барои расидан ба тавофуқ бастагӣ дорад.

Косачев аз ифротгароён ба унвони хатари билқувва дар Узбакистон ёд кард ва гуфт, ки ҳарчанд бисёре аз онҳо аз ин кишвар берун ронда ё муҷозот шудаанд, аммо шумори зиёде дар Покистон ва Афғонистон ҳузур доранд ва бо нахустин нишонаҳои ҳарҷу марҷ боз мегарданд ва ҳамзамон ҳам ДИИШ ва Алқоида барои даврони пас аз Ислом Каримов хатарсоз маҳсуб мешаванд.