Дар Узбакистон 3 рӯз азои умумӣ эълом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i3496-Дар_Узбакистон_3_рӯз_азои_умумӣ_эълом_шуд
Давлати Узбакистон ба муносибати фавти Ислом Каримов- раисиҷумҳури ин кишвар, 3 рӯз азои умумӣ эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 03, 2016 13:32 Asia/Dushanbe
  • Дар Узбакистон 3 рӯз азои умумӣ эълом шуд

Давлати Узбакистон ба муносибати фавти Ислом Каримов- раисиҷумҳури ин кишвар, 3 рӯз азои умумӣ эълом кард.

Давлати Узбакистон ба муносибати сӯгворӣ барои даргузашти Ислом Каримов-раисиҷумҳури ин кишвар, 3 рӯз азои умумӣ эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, ба далели сӯгворӣ барои даргузашти Каримов 3 рӯз азои умумӣ эълом шуда ва Шавкат Мирзоев ба унвони раиси комиссияи баргузории маросими хоксупорӣ анҷоми вазифа мекунад.

Бино ба ин гузориш, ба дастури Неъматуллоҳ Юлдошов-раисиҷумҳури муваққати Узбакистон тамоми мадориси шаҳри Самарқанд, маҳалли дафни раисиҷумҳури Узбакистон таътил шуда, то барномаҳои хоксупорӣ ба беҳтарин наҳв сурат гирад.

Тибқи дастури раисиҷумҳури муваққат, тамоми мақомот муваззаф шудаанд дар маросими тадфин бо либоси сиёҳранг ва ба сурати муназзам ҳузур ёбанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ба ҳар минтақаи Самарқанд дастур дода шудааст, ҳайатҳои мунтахаб муташаккил аз 15 то 20 нафарро бо либоси сӯгворӣ ба маросим эъзом кунанд.

Маҷлиси олӣ ва Кобинаи вазирони Узбакистон рӯз гузашта, аз тариқи телевизиони давлатии ин кишвар расман эълом кард, ки Ислом Каримови 78 сола пас аз як давраи беҳӯшии 5 рӯза, бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Бар асоси гузориши пизишкон, Каримов дар соати 20:15 шаби 2-ум сентябр ба вақти маҳаллии Тошканд фавт кардааст.