Сентябр 03, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти раисҷумҳури Узбакистон

Саранҷом, пас аз 5 рӯзи эъломи аввалин хабари даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон аз сӯйи бархе манобеи хабарии русӣ мақомоти Тошканд рӯзи ҷумъа (2 сентябр) расман ин хабарро таъйид карданд.

Шаби панҷшанбе, пас аз баргузор шудани маросими Рӯзи истиқлол дар Узбакистон ва ҳатто эъломи паёми табрикии Каримов ба мардуми ин кишвар аввалин хабари марбут ба вахомати ҳоли раисҷумҳури Узбакистон аз сӯйи расонаҳои ин кишвар мунташир шуд ва сипас телевизиони давлатии Узбакистон аз даргузашти Ислом Каримови 78-сола пас аз як давраи беҳушии 5-рӯза бар асари сактаи мағзӣ хабар дод. Тибқи барномаи эъломшуда, маросими дафни Ислом Каримов рӯзи шанбе (3 сентябр ) дар зодгоҳаш, Самарқанд баргузор  шуд.

Сарфи назар аз ин ки даргузашти Ислом Каримов бори дигар мавзӯи халои ҷойгузинии қудрат дар ин ҷумҳурӣ ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро зинда кардааст, ҷомеаи Узбакистон ва мақомоти аршади ҳукумати ин кишвар аз имрӯз бояд барои тасбити суботу амнияти Узбакистон ва низ пур кардани хало чораандешӣ кунанд, бавижа рақобату бозии қудратҳои минтақаию фароминтақаӣ барои таъйини гузинаи ҷойгузини шахси Ислом Каримов аз замоне калид хӯрд, ки хабари бемории раисҷумҳури Узбакистон солҳои қабл расонаӣ шуд. Акнун ҷомеаи Узбакистон беш аз он ки ба гузаштаи амалкарди Ислом Каримов дар солҳои соҳибистиқлолии ин кишвар биандешад, ба мавзӯи ҷойгузинии раисҷумҳури Узбакистон ва ояндаи ин кишвар таваҷҷуҳ нишон медиҳад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Асосии Узбакистон, раҳбарӣ ва ҳидояти ин кишвар пас аз даргузашти раисҷумҳур ба уҳдаи  Неъматуллоҳ Юлдошев, раиси Маҷлиси милии ин кишвар аст. Юлдошев низ муваззаф аст, тибқи Қонуни Асосӣ, тай 3 моҳи оянда барои таъйини раисҷумҳури ҷадид интихобот баргузор кунад. Аммо ин ки ҷойгузини Каримов чӣ касе хоҳад буд, гумонҳои мухталифе матраҳ аст. Дар ин гумонзаниҳо бархе маҳофили сиёсӣ бо нигоҳи суннатӣ ба ин масъала менигаранд. Дар ин рӯйкард нигоҳи гурӯҳе, ҳатто минтақае улгӯи ғолиб барои таъйини ҷойгузини Ислом Каримов аст, он ҳам бо ин тафовут, ки дар ин рӯйкард акнун мавзӯъ нуфузи мақомҳо аз манотиқ ва ба истилоҳ гурӯҳҳои мухталиф рангу бӯйи ҷиддитаре ба худ гирифтааст. Дар ин рӯйкард Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва намояндаи гурӯҳи сурхандарёиҳо, Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазир ва намояндаҳои гурӯҳи тошкандиҳо матраҳ ҳастанд.

Бархе маҳофили сиёсӣ муътақиданд, Ислом Каримови фақид талош кард, бо таваҷҷуҳ ба биниши суннатӣ ва созукори қабилаию ҳукуматӣ дар миёни мақомҳои сиёсии бархоста аз манотиқу гурӯҳҳои узбак як навъ тавозун эҷод кунад. Аммо ин рӯйкард ба чолиши дигаре барои пур кардани халои қудрат дар Узбакистон табдил шудааст. Бо ин ҳама акнун илова бар мизони нуфузу тавони мудирияти гузинаҳои ҷонишинӣ ҳамнавоии ин афрод бо сиёсату қудратҳои минтақаӣ ва фаромитақаӣ, ба иловаи бархӯрдорӣ аз мақбулияти умумӣ дар радифи омилҳои аслӣ барои муаррифии раисҷумҳури ояндаи Узбакистон қарор гирифтааст.