Бо имзои Атамбоев КАСА-1000 дар Қирғизистон иҷроӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i352-Бо_имзои_Атамбоев_КАСА_1000_дар_Қирғизистон_иҷроӣ_шуд
Раисҷумҳури Қирғизистон қарордодҳои таъмини молии тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Покистон мавсум ба КАСА-1000-ро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2016 12:41 Asia/Dushanbe
  • Бо имзои Атамбоев КАСА-1000 дар Қирғизистон иҷроӣ шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон қарордодҳои таъмини молии тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Покистон мавсум ба КАСА-1000-ро имзо кард.

Ба иттилои Ирно, Алмазбек Атамбоев имрӯз сешанбе қарордодҳои таъмини молии тарҳи КАСА-1000-ро миёни Қирғизистон ва Анҷумани тавсеаи байналмилалӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки тавсеаи исломӣ имзо ва тарҳро барои иҷро иблоғ кард.

Ин тавофуқномаҳо 16-и июни имсол ба тасвиби Парлумони Қирғизистон расида буд.

Ҳазинаи куллии тарҳи КАСА-1000 ҳудуди як миллиарду 170 миллион доллар баровард шуда, ки саҳми бахши Қирғизистон аз ин тарҳ 233 миллион доллар аст.

Бар асоси ин гузориш, 50 миллион доллар аз ин маблағро Бонки тавсеаи исломӣ, 70 миллион евроро Бонки сармоягузории Аврупо ва 45 миллион долларро ҳам Анҷумани тавсеаи байналмилалӣ бо пардохти қарз ба Қирғизистон тақаббул кардаанд.

Гуфтанӣ аст, бар асоси тарҳи КАСА-1000 қарор аст, панҷ миллиард киловатт соат барқи изофии тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли тобистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил шавад.

Аз ин мизон 70 дарсад саҳми Тоҷикистон ва 30 дарсад саҳми Қирғизистон аст.

Тарҳи хатти интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА-1000 таҳти назорати Бонки ҷаҳонӣ қарор аст, дар соли 2018 ба баҳрабардорӣ бирасад .