Июн 07, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи мусаллаҳ набудани нируҳои марзӣ

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари мамнӯъ шудани истифода аз силоҳ, дар марзи муштараки ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши Спутник, пас аз музокироти генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нируи марзбонии Тоҷикистон бо Уларбек Шаршеев ҳамтои қирғизи вай дар шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғди Тоҷикистон тарафҳо эълом карданд, ки марзбонони ду кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ ҳангоми бурузи ихтилофоти марзӣ аз силоҳ истифода нахоҳанд кард.

Ин ду мақоми масъули марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии рӯзи чаҳоруми июн дар марзи муштараки ду кишварро низ "тавтеаи аз қабл барномарезӣ" шуда донистанд.

Дар ин дидор ҳамчунин бар зарурати насби таҷҳизоти тасвирӣ барои контроли марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҷилавгирӣ аз ҳархел таҳаррукоти худсронаи марзбонони ду кишвар, дар манотиқи аломатгузорӣ нашуда ва мавриди ихтилофи Душанбе ва Бишкек таъкид шуд.

Пештар дар пайи шилик гулӯла ва халъи силоҳ валату куб шудани чаҳор марзбони тоҷик аз сӯи ҳамтоёни қирғизи онҳо дар марзи вилоятҳои Суғд ва Ӯш дар рӯзи чаҳоруми июн, мақомоти марзбони Тоҷикистон ва Қирғизистон якдигарро дар ин моҷаро муқассир муаррифӣ карда буданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои 978 километр марзи муштарак ҳастанд, ки ҳудуди 520 километр аз он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар манотиқи аломатгузорӣ нашудаи марзи ду кишвар бавижа дар ноҳияҳои марзии вилоятҳои Суғд ва Ботканд, борҳо бар сари истифода аз манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо, даргирӣ эҷод шуда ва ҳатто чандин нафар ҳам