Июн 23, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Русия ва Узбакистон бар сари сохти ниругоҳи ҳастаӣ

Сафири Узбакистон дар Русия гуфт, ду кишвар дар мавриди сохти ниругоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон ба тавофуқ расиданд ва дар ҳоли ҳозир тарҳи сохти ниругоҳи ҳастаӣ, тадвин мешавад.

Баҳром Ашрафхонов, сафири Узбакистон дар Русия гуфт, ду кишвар дар мавриди сохти ниругоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон ба тавофуқ расиданд ва дар ҳоли ҳозир тарҳи сохти ниругоҳи ҳастаӣ, танзим мешавад.

Баҳром Ашрафхонов афзуд, арзиши куллии ин тарҳ 13 миллиард доллар аст, ки муодили 11 миллиарду 300 миллион доллари он аз Русия мебошад.

Узбакистон ва Русия ҳамкориҳои худ дар заминаи баҳрабардории сулҳомез аз энержии ҳастаиро пас аз имзои қарордоди байнидавлатӣ дар моҳи декабри соли 2017 милодӣ оғоз карданд.

Дар ҳоли ҳозир ду гурӯҳи корӣ эҷод шуда, ки онҳо аз рӯйи тарҳи сохти ниругоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон ва дар заминаи тавсеаи илмӣ ва фаннӣ фаъолият мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, имсол барои Узбакистон ҷиҳати омӯзиши донишҷӯён дар риштаҳои ҳастаӣ, дар Русия саҳмия ихтисос ёфтааст.

Дар таърихи 2 ноябри соли 2017 милодӣ дар поёни гуфтугӯҳои Узбакистон ва Русия дар чорчӯби сафари Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ба Узбакистон ёддошти тафоҳуме дар мавриди ҳамкориҳои мутақобил байни ширкати давлатии «Русатом» ва Фарҳангистони улуми Узбакистон ва ҳамчунин қарордоде барои тавлид ва содироти сӯхти ҳастаӣ барои реактори “ВВР-СМ” байни ширкати саҳҳоми тавлидкунандаи сӯхти ҳастаии Русия « ТВЭЛ» (вобаста ба «Русатом» ) ва Институт физики ҳастаии Фарҳангистони улуми Узбакистон имзо шудааст.

Дар Узбакистон истгоҳи атомӣ ё барномаи ҳастаӣ вуҷуд надорад ба ҳамин далел, тамоми уране, ки истихроҷ мешавад дар бахши содирот мавриди истифода қарор мегирад.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии иктишофоти заминшиносии Узбакистон, фақат захоири кашфу сабт шуда дар ин кишвар, дар ҳудуди 200 ҳазор тонн арзёбӣ шуда, ки бо ин миқдор уран ин кишвар метавонад, дар феҳрасти 10 кишвари содиркунандаи уран ворид шавад.

Дар ин феҳраст кишварҳое ҳамчун Австралия, Канада, Русия ва Қазоқистон қарор доранд.