Узбакҳо, рекорддори тӯли умри пас аз бознишастагӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i36180
Узбакистон рекорддори тӯли умр пас аз бознишастагӣ дар байни кишварҳои пасо-Шӯравӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 26, 2018 17:48 Asia/Dushanbe
  • Узбакҳо, рекорддори тӯли умри пас аз бознишастагӣ

Узбакистон рекорддори тӯли умр пас аз бознишастагӣ дар байни кишварҳои пасо-Шӯравӣ аст.

Шаҳрвандони Узбакистон пас аз бознишастагӣ 29.7 сол зиндагӣ мекунанд ва миёнгини тӯли умр барои занон, 75 ва барои мардон 69.7 аст ва занон дар синни 55 ва мардон дар синни 60 бознишаста мешаванд.

Рутбаи дувум дар ин феҳрист Русия аст ва шаҳрвандони ин кишвар пас аз бознишастагӣ 29.6 сол умр мекунанд.  

Миёнгини тӯли умр барои мардон 66.7 сол ва барои занон 77.2 сол мебошад, ки дар ҳоли ҳозир Маскав хостори афзоиши синни бознишастагӣ аст.  

Дар поёни феҳрист Қазоқистон қарор дорад ва шаҳрвандони ин кишвар пас аз бознишастагӣ ҳашт сол зиндагӣ мекунанд ва миёнгини тӯли умр барои занон 75 сол ва барои мардон 67 сол аст.