Июл 06, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти шадиди гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Гумруки Тоҷикистон воридот ва содироти молу маҳсулот аз Узбакистонро ба таври шадид ва бесобиқае маҳдуд кард.

Ба гузориш Форс аз Тошканд, гумруки Тоҷикистон воридот ва содироти маҳсулот аз Узбакистонро ба таври шадид ва бесобиқае маҳдуд кард, ба тавре ки ҳар мусофир метавонад танҳо 2 килограмм гӯшт, 5 килограмм маҳсулоти нонвоӣ ва 7 килограмм биринҷ бо худ мунтақил кунад ва кулли вазни бораш набояд аз 40 килограмм бештар шавад.

Пас аз гушоиши марзҳои заминӣ байни ду кишвар барои воридот ва содирот ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надошт, вале дар ҳоли ҳозир аз мусофирон дархост мекунанд, ки ба мизони таъйиншуда молу маҳсулот ба ҳамроҳи худ дошта бошанд.

Яке аз бозаргонони тоҷик, ки аз гузаргоҳи Пахтаобод гузашта дар ин бора, гуфт: Ҳангоми гузаштан аз марз ба мо таъкид карданд, ки замони баргашт ҳатто як дона тухми мурғ ҳам бо худ наёрем, дар ғайри ин сурат тамоми борамон бозгардонда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сокинони Тоҷикистон, дар тамоми гузаргоҳҳои марзии байни ду кишвари ҳамсоя ин шароитро риоят мекунанд.

Яке аз сокинони ноҳияи Панҷакент, ки ба Узбакистон сафар карда, дар ин бора изҳор дошт: Як моҳ пеш маҳсулоти мухталиф аз кишвари ҳамсоя ба миқдори зиёд ворид мешуд ва дар бозорҳои маҳаллӣ фаровон буд, вале акнун вазъият фарқ кардааст.

Гумруки Тоҷикистон ҳамчунин ба корофриноне, ки аз Узбакистон маҳсулот ворид мекарданд ҳушдор дод, ки аз воридоти тухми мурғ худдорӣ кунанд, дар ғайри ин сурат ҳамаи борҳояшон бозпас гардонда хоҳад шуд.

Мамнуъият барои воридоти тухми мурғ аз Узбакистон дар моҳи июни соли ҷорӣ иҷроӣ шуд.