Бештар шудани назорат бар фаъолиятҳои динӣ дар Қирғизистон
Манобеи хабарӣ аз ташдиди назорат бар фаъолиятҳои мазҳабӣ дар Қирғизистон хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ба ибтикори Комиссияи давлатии умури адёни Қирғизистон, барномаи ислоҳоти қонуни марбут ба мудирияти адён, мавсум ба «Озодии мазоҳиб ва созмонҳои динии Ҷумҳурии Қирғизистон» баррасӣ шуд.
Бар асоси ин барнома, фаъолияти мадрасаҳои динии бидуни мадорики муртабит, сабти масоҷид ва ҳузури ҷавонон бидуни иҷозаи волидайн мамнӯъ мешавад.
Ҳамчунин дар мадориси динӣ ҳамроҳ бо дарсҳои мазҳабӣ, дарсҳои умумӣ бояд омӯзиш дода шаванд.
Илова бар ин, ҳузури ҷавонон дар масоҷид ва дигар муассисаҳои динӣ бидуни иҷозаи волидайн мамнӯъ мешавад, зеро тибқи қавонини Қирғизистон шаҳрвандони зери сини 16 сол афроде ҳастанд, ки тавони интихоби динро надоранд.