Июл 15, 2018 18:24 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси қарзи 500 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ ба Узбакистон

Муовини бахши минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ дар дидор бо нахуствазири Узбакистон аз ихтисоси воми 500 миллион долларӣ ба ин кишвар хабар дод.

Сирил Милер, муовини бахши минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ дар Тошканд бо Ҷамшед Қучқоров, муовини нахуствазир, вазири дороии Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Тарафайн дар оғози ин дидор қарордодеро байни Узбакистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди тахсиси қарзи 500 миллион доллар барои ҳимоят аз ислоҳот дар ин кишвар имзо карданд.

Милер изҳор дошт: Давлати Узбакистон имрӯз ислоҳоти дарозмуддат ва ҳамаҷонибаро оғоз кардааст аз ҷумла дар заминаҳои кишоварзӣ ва аз назари молиётӣ дастовардҳои қобили мулоҳизае ба даст омадааст.

Дар чаҳорчуби пайвастани Тошканд ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ иқдомоти ҷиддӣ анҷом мегирад.