Сентябр 06, 2016 17:07 Asia/Dushanbe
  • Путин дар Самарқанд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо сафар ба Самарқанд зимни адои эҳтиром ба мазори Ислом Каримов ба хонаводаи раисҷумҳури фақиди Узбакистон изҳори ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Владимир Путин, ки барои бузургдошти Ислом Каримов ба Узбакистон сафар кардааст, дар ибтидои вуруд ба Самарқанд мавриди истиқболи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон қарор гирифта, пас аз он бар сари мазори раисҷумҳури фақиди ин кишвар ҳозир шудааст.

Путин пас аз гулгузорӣ ва адои эҳтиром ба мазори Каримов гуфт, Тошканд метавонад ҳамчунон ба Маскав ба унвони мутмаинтарин дӯст такя кунад. Раисҷумҳури Русия афзуд: "Бисёр умедворам, дастовардҳое, ки бо талоши Каримов дар равобити ду кишвар бино шудааст, идома ёбад ва Русия аз густариши ҳарчи бештари равобит бо Узбакистон ҳимоят мекунад". Путин гуфт, раисҷумҳури фақиди Узбакистон зербинои маҳкаме барои равобит бо Русия бино кард ва таъкид дошт, ки тавонмандии Узбакистон ба пешрафт дар равобити Маскаву Тошканд бастагӣ дорад.

Раисҷумҳури Русия сипас ба қароргоҳи раисҷумҳур дар Самарқанд рафта, бо Татяна Каримова, ҳамсар, Лола Каримова, духтари хурдии Каримов дидор ва ба онон ибрози ҳамдардӣ кард.

Гуфтугӯи раисҷумҳури Русия бо хешовандони Каримов бидуни ҳузури расонаҳо анҷом шуд.

 

Барчасп