Боздошти аъзои як гурӯҳи террористӣ дар Қазоқистон
Аъзои як гурӯҳи такфирӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба иттиҳоми талош барои рабудани як ҳавопаймо ва анҷоми ҳамалоти террористӣ боздошт шуданд.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Сакен Минбоев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон эълом кардааст, ин гурӯҳи террористӣ нақшае барои рубудани як ҳавопаймо ва анҷоми ҳамалоти мушобеҳи 11 сентябр дар хоки Қазоқистон тарроҳӣ карда буд. Ӯ афзуд, ин гурӯҳ ҳамчунин дар назар доштааст, то ҳамалоте ба воҳидҳои низомии марзбонӣ, Вазорати дифоъ ва террори мақомоти баландпояи амниятӣ ва рӯҳонёни Қазоқистон анҷом диҳад. Ин мақоми амниятии Қазоқистон гуфт, яке аз боздоштшудагон шаҳрванди Қирғизистон ва ду нафари дигар қазоқ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, шаҳрҳои Оқтеппа ва Алмаатои Қазоқистон дар моҳҳои ахир шоҳиди чанд ҳамлаи террористӣ буданд.