Июл 25, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.  

Сироҷиддин Меҳриддин ва Эрлан Абдулдоев 23 июл дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва равобити дуҷониба ва афзоиши таомулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.  

Вазирони хориҷаи ду кишвар дар ин дидор ба баҳс ва гуфтугӯ дар бораи мушаххас кардани навори марзии ду кишвар ва ҳалли ихтилофоти перомуни он пардохтанд.

Ин масъала аз он рӯ аҳаммият дорад, ки ҳаводиси марзӣ ва тирандозии марзбонон ба сурати мукаррар такрор шудааст.

Дар ҳамин робита дар июни 2018 низоъи байни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муҷиб шуд, ки марзбонони Қирғизистон се нерӯии мусаллаҳи Тоҷикистонро ба асорат бигиранд.

Пеш аз ин Пол Гейеббел, пажуҳишгари муассисаи Ҷеймзтон дар таҳлиле навишта буд, “Яке аз ҷиддитарин ихтилофоти боқимонда дар Осиёи Марказӣ ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Ихтилоф дар 2014 муҷиби бурузи даргирии мусаллаҳона дар марзи ду кишвар шуд”.

Ин коршинос гуфт, “Тавофуқоти суратгирифта байни 2 кишвар ба кундӣ пеш меравад. Дар ҳоле, ки дар нуқоте, ки ҷамъияти қавмии ду кишвар дар якдигар талфиқ шудаанд, имкони даст ёфтан ба тавофуқ бисёр душвор будааст. Чун хутути марзӣ умдатан аз миёни мазореъ ё хонаҳои афрод убур мекунанд ва ин амр муҷиби норизоятии сокинони ин навоҳӣ мешавад”.

Мантиқитарин иқдом барои сиёсатмадорони ду кишвар ин аст, ки дар навоҳии муштараки марзии худ, ки аз тамаркузи ҷамъияти қавмӣ бархурдор аст, созу кореро иттихоз кунанд, ки камтарин осеб ба шароити маишати мардум ворид шавад.

Ақвоми ду кишвар битавонанд дар канори якдигар ба сурати сулҳомез ба зиндагӣ идома диҳанд.