Эҷоди бозори муштараки газ дар дастури кори Иттиҳоди Евразия
(last modified Sun, 29 Jul 2018 14:24:06 GMT )
Июл 29, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди бозори муштараки газ дар дастури кори Иттиҳоди Евразия

Дар нишасти Шӯрои нахуствазирони Иттиҳоди иқтисодии Евразия баҳси рақамисозии фазои иқтисодӣ ба унвони як ниёзи муҳим дар дастури кор қарор гирифт.

Дар ин нишаст, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ҳузури нахуствазирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия баргузор шуд, рақамисозии фазои иқтисодии Иттиҳоди Евразия ва эҷоди бозори муштараки газ ва тавлидоти ҷойгузин барои фаровардаҳои воридотӣ аз муҳимтарин меҳварҳои мавриди баҳс буд.

Дар декабри соли гузашта барнома вижае ба манзури ҳамкориҳои кишварҳои узв ҷиҳати эҷоди фазои воҳиди рақамӣ таҳия шуда буд, ки заминаҳои аслии ин барномаро то 2025 мушаххас кардааст.