Равобити Фаластин ва Узбакистон густариш меёбад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i37072-Равобити_Фаластин_ва_Узбакистон_густариш_меёбад
Вазири хориҷаи Фаластин бо вазири хориҷаи Узбакистон дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 02, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Равобити Фаластин ва Узбакистон густариш меёбад

Вазири хориҷаи Фаластин бо вазири хориҷаи Узбакистон дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.

Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Узбакистон дар дидори Риёз Алмоликӣ, ҳамтои фаластинии худ дар Тошканд, чашмандози таҳкими равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.  

Вазирони хориҷаи ду кишвар ҳамчунин бар густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.