Август 08, 2018 17:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони дифои Узбакистон ва Тоҷикистон бар тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ

Вазирони дифои Узбакистон ва Тоҷикистон дар Тошканд барномаи ҳамкориҳои низомиро барои соли 2018 имзо карданд.

Ба нақл аз Форс, Абдуссалом Азизов, вазири дифои Узбакистон бо ҳайъати низомии Тоҷикистон, ки ба сарпарастии генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои ин кишвар вориди Тошканд шуда, дидор ва гуфтугӯ кард.  

Тарафайн чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои дифоӣ, таҳкими равобити мутақобили судманд дар абъоди низомӣ ва ҳамчунин таъмини амният дар Осиёи Марказиро барраси карданд.  

Вазири дифои Узбакистон дар ин дидор ба равобити дӯстонаи ду кишвар ишора кард ва гуфт: Пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, дар таърих саҳифаи ҷадиде боз шуд ва ин рӯйдод ба ҳамкориҳои оянда ҷаҳиши тозае дод.

Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор, нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистонро қавитарин ва муҷаҳҳазтарин нерӯи мусаллаҳ дар минтақа хонд.