Қатъи фаъолияти 88 шабакаи хориҷӣ дар Қазоқистон
Вазорати иртиботот ва мухобироти Қазоқистон аз қатъи фаъолиятҳои 88 шабакаи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати иртиботот ва мухобироти Қазоқистон рӯзи ҷумъа дар гузорише иллати ин тасмимро риоят накардани қонунҳои ин кишвар аз сӯйи ин шабакаҳои хориҷӣ унвон кард.
Тамоми шабакаҳои радиоиву телевизионии хориҷии фаъол дар Қазоқистон муваззаф шуда буданд, тибқи қонуни нав, ки аз сӯйи порлумони ин кишвар тасвиб шуд, фаъолияти худро то 9 -уми июли соли 2018 –и мелодӣ ба унвони шахси ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ сабт ва намояндаи худро ба Вазорати иртиботот ва мухобироти Қазоқистон муаррифӣ кунанд.
Дар байни шабакаҳое, ки аз идомаи фаъолияти онҳо дар Қазоқистон ҷилавгирӣ шудааст, исми шабакаҳое ҳамчун “Раша Тудей”, “Блумберг”, “Скай нюс” ва “Фокс нюс” ба чашм мехурад.
Дар соли 2016 –и мелодӣ низ дар Қазоқистон намоиши таблиғот дар шабакаҳои хориҷӣ мамнуъ шуда буд.