Август 18, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ӯзбакистон барои сохти ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикстон

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз омодагии кишвараш барои сармоягузории муштарак дар тарҳи сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди обӣ дар шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар нишасти муштараки хабарӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ дар Тошканд аз омодагии кишвараш барои мушорикат дар сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди обӣ бар рӯйи рӯдхонаи Зарафшон дар вилояти Суғди Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт, зарфияти тавлиди барқ дар ин ду нерӯгоҳ 320 мегаватт хоҳад буд, ки ҳам заминаи тавлиди барқ ва ҳам захирасозии оби рӯдхонаи Зарафшонро, ки барои бахши кишоварзии вилоятҳои Самарқанд ва Бухорои Ӯзбакистон бисёр муҳим аст, фароҳам хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, манзури Мирзиёев тарҳи сохти ду нерӯгоҳи барқӣ - обии ҷадид дар ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ аст, ки давлати қаблии Узбакистон бо он ба шиддат мухолифат мекард ва ин мавзеи ҳукумати вақти Тошканд боиси худдории ширкатҳои Чин ва Ҳиндустон аз сохти ин ду нерӯгоҳ шудааст.

Дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбакистон, ду тараф муоҳидаи ҳамкории стратегӣ, баёнияи муштарак ва 27 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф миёни ду кишвар ба маблағи 800 миллион долларро имзо карданд.

Сафари расмии Раҳмон ба Ӯзбакистон идома дорад ва қарор аст имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси маҷлис ва нахуствазири Ӯзбакистон дар Тошканд дидор ва аз шаҳри Самарқанд боздид кунад.