Август 20, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • 10 миллион доллар қарзи бонки ӯзбакистонӣ ба “Амонатбонк”- и Тоҷикистон

Дар чорчӯби сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд, Бонки Cаноати Ӯзбакистон бо ихтисоси 10 миллион доллар қарз ба “Амонатбонк” - и Тоҷикистон мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ҳадаф аз ихтисоси ин қарз ба “Амонатбонк” кумак ба бахши хусусии Тоҷикистон ва осонсозии воридоти молу колои ширкатҳои ӯзбакистонӣ ба кишвари ҳамсоя эълом шудааст.

Қаблан Руҳуллоҳ Ҳакимзода, мудири “Амонатбонк” - и Тоҷикистон эълом карда буд, ки ҳукумати Ӯзбакистон барои воридоти маҳсулоти худ ба дохили Тоҷикистон, қарзи 100 миллиондолларӣ дар ихтиёри се бонки ин кишвар қарор хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин қарз аз тариқи “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки “Эсхата” дар ихтиёри хоҳишмандони ворид кардани маҳсулоти тавлидии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Ҳакимзода гуфтааст, суди ин қарзҳо барои як сол ҳашт дарсад хоҳад буд ва агар хоҳишмандон дархости афзоиши замони бозпардохти ин маблағҳоро то се сол матраҳ кунанд, суди солонаи он 9 дарсад хоҳад буд.

Ҳамчунин дар нишасти фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Тошканд дар чорчӯби сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар, тавофуқномаи вогузории қарзи панҷ миллиондолларӣ ба “Ориёнбонк” - и Тоҷикистон имзо шуд.