Август 30, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодабоши нерӯҳои низомӣ дар Бишкеки Қирғизистон

Беш аз ду ҳазор афсари пулиси Қирғизистон барои ҳифозат аз назми умумӣ ва барқарории амният дар рӯзи ҷашни истиқлоли Қирғизистон дар ҳолати омодабош басар мебаранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, пулиси Қирғизистон эълом кард, илова бар ин теъдоди зиёде посгоҳ дар сатҳи пойтахт барпо шудааст, ки то ҷумъа, рӯзи баргузории ҷашни истиқлол, барқарор хоҳанд буд.

Қирғизистон 31 августи соли 1991 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, эъломи истиқлол кард.