Сентябр 03, 2018 15:00 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи яке аз бузургтарин масҷидҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон

Дар Бишкек, пойтахи Қирғизистон масҷиде ифтитоҳ шуд, ки ба гуфтаи мақомоти қирғиз яке аз бузургтарин масоҷид дар Осиёи Марказӣ аст.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон, масҷиди Имом Сарахсӣ дар Бишкек, рӯзи якшанбе бо ҳузури Сооронбай Жээнбеков ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳури Қирғизистон ва Туркия ифтитоҳ шуд.

Эрдуғон барои ширкат дар иҷлоси сарони Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар пойтахти Қирғизистон ҳузур дорад.

Кори сохти масҷиди бузурги Бишкек, соли 2012 оғоз шуда ва сатҳи замини ихтисос ёфта барои он, 3.5 гектарро дар бармегирад.

Бинои аслии масҷид имкони гунҷоиши шаш ҳазор намозгузорро дорад ва дар муҳавватаи он, то 20 ҳазор нафар метавонанд, маросими ибодиро анҷом диҳанд.

Аксари ҷамъияти Қирғизистон мусулмон ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар, ду ҳазору 647 масҷид вуҷуд дорад.

Дар масоҷиди Қирғизистон 107 мадрасаи исломӣ низ фаъол аст.