Сентябр 18, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши муштараки низомии Тоҷикистону Узбакистон

Низомиёни Узбакистон барои баргузории размоиши низомии муштарак бо нерӯҳои артиши Тоҷикистон вориди қаламрави вилояти Суғд, шимоли ин кишвар шуданд. Ба гузориши “Азия плюс”, ин размоиши муштарак тайи рӯзҳои 18 то 22 сентябри соли ҷорӣ дар минтақаи Чоруқдарони вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд.

Вазорати дифои Узбакистон барои ширкат дар ин размоиши низомии муштарак 100 афсару сарбоз ва таҷҳизоти низомиро ба размоишгоҳи Чоруқдарони Тоҷикистон мунтақил кардааст. Дар ин размоиши муштараки низомӣ беш аз 500 афсар ва сарбози тоҷик ва таҷҳизоти зиреҳӣ аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин размоиш ҳамоҳангии миёни артишҳои Тоҷикистону Узбакистон барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии фароминтақаӣ унвон шудааст.

Ин нахустин размоиши муштараки низомии артишҳои Узбакистон ва Тоҷикистон тайи 27 соли ахир аст. Барои аввалин бор дар таърихи ду кишвар дар рӯзи 17 августи соли ҷорӣ нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Узбакистон дар марзи муштараки ин ду кишвар бо Афғонистон барои муқобила бо таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир размоиши муштараки низомӣ баргузор карданд.

Коршиносон муътақиданд, пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва дар пеш гирифтани сиёсати беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя акнун ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва низомии Тошканд бо Тоҷикистон низ оғоз шудааст.