Мақомоти аршади динии Осиёи Марказӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд
(last modified Tue, 18 Sep 2018 06:38:11 GMT )
Сентябр 18, 2018 11:38 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти аршади динии Осиёи Марказӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Дафтари мудирияти мусалмонони Қирғизистон эълом кард, тавофуқномаи ҳамкорӣ байни раисони ҳавзаи динии Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Мақсадбек Токтомушов, муфтии Қирғизистон, Серикбой Ораз, раиси дафтари мудирияти мусалмонони Қазоқистон, Усмонхон Олимов, муфтии Узбакистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.

Ҳадаф аз имзои ин санад ҳамкории наздик миёни идороти динӣ, табодули таҷриба, густариши арзишҳои Ислом аст. Беҳбуди системаи омӯзиш, созмондиҳии раванди сафар ба ҳаҷ, таъйини замони ид, намоз ва тавсеаи гардишгарии исломӣ яке дигар аз аҳдофи имзои тавофуқномаи ёдшуда ба шумор меравад.