Таъкиди кишварҳои Осиёи Марказӣ бар мубориза бо терроризм
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасте, мубориза бо таъмини молӣ ва таслеҳотии гурӯҳҳои террористиро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ хостор шуданд.
Ба гузориши ИРНА, ширкаткунандагон дар ин нишасти ду рӯза, ки дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон баргузор шуд, бар ҳамкории байналмилалӣ ба манзури шиносоии масирҳои таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ барои муқобилаи бештар бо ин гурӯҳҳо, таъкид карданд.
Намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакситон ва Туркманистон дар ин нишаст, беҳтарин равишҳои мубориза бо таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамчунин тақвияти бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаиро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор доданд.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта низ муфтиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистони тафоҳумномае бино бар ҷилавгирӣ аз ба вуҷӯд омадан ва густариши гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро дар ин минтақа, ба имзо расонданд.