Сентябр 23, 2018 13:47 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи муфтиҳои Осиёи Марказӣ барои бозгушоии дубораи мадориси мазҳабӣ

Муфтиҳои аъзами чаҳор ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар Бишкек,  ёддошти тафоҳумӣ пиромуни бозгушоии дубораи мадориси мазҳабии Осиёи Марказӣ имзо карданд.

Ҳамзамон бо баргузории нишасти Бишкек, намояндагони 4 ҷумҳурии Осиёи Марказӣ шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон тайи нишасте дар Ашқобод, равишҳои мубориза бо ҷараёнҳои террористиро баррасӣ карданд.

Баргузории ҳамзамонии нишасти Бишкек ва Ашқобод нишон медиҳад, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ зимни нигаронӣ аз рушди ҷараёнҳои ифротӣ ва террористии воридотӣ аз кишварҳои муртаҷеъи арабии ҳошияи Халиҷи Форс аз ифротгароӣ ва терроризм осебпазир ҳастанд.

Ин  нахустин боре нест, ки раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо баргузории нишастҳое,  нигарониҳои худро аз рушду густариши терроризм бурӯз медиҳанд.

Тайи чанд соли гузашта бавижа пас аз шикасти ҷараёни такфирӣ террористии ДИИШ дар Ироқ, Сурия, Амрико ва ҳомиёни арабии ин ҷараёни террористӣ талош кардаанд, то Афғонистонро, ки дар вазъияти ошуфта ва ноамне қарор дорад ба унвони пойгоҳи аслии ин ҷараёни террористӣ ҷойгузин кунанд.

Бархӯрдории марзи муштараки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва таҷаммӯи ҷамъе касире аз аъзоии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва фиқдон(ноогоҳ)-ии миллатҳои Осиёи Марказӣ аз дини Ислом,  бар нигарониҳои раҳбарони Осиёи Марказӣ афзудааст. Шакке нест, ки талошҳои муштарак, таъомул ва ҳамкориҳои муштараки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ танҳо роҳи муқобила бо таҳдидҳои террористӣ қаламдод мешавад.

Ҷараёнҳои террористӣ ва ифротии фаъол дар кишварҳои арабӣ бавижа подшоҳии Саудӣ, Иморот, Кувайт ва Урдун мӯҷиб шудааст, бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар садади муқобила бо ин гӯна ҷараёноти масмӯм ва афкори номатлӯб бароянд.

Дар ин росто мақомҳои умури омӯзишӣ ва донишгоҳии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳар кадом ба шакле дар пайи муқобила бо афкори масмум ва номатлӯби ҷараёнҳои воридотӣ баромадаанд.

Дар ин замина мавзӯи бозгушоии мадориси динӣ борҳо мавриди таъкиди мақомҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтааст ба рағми он, ки дар ин иртибот бархе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ шубаҳоте матраҳ мекунанд, аммо ин амр аз ҷумла роҳҳои муқобила бо ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ аст.

Дар ин иртибот  Владимир Ашкенази (Vladimir Ashkolny), раиси бахши фарҳанги ҷаҳонии донишкадаи Русия-Қирғизистони Донишгоҳи Славянӣ дар Қирғизистон муътақид аст, ки “таблиғоти ҷараёнҳои ифротӣ хатари амиқ барои бе субот кардани вазъияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳадафи аслии ин фирқаҳои мунҳариф, донишомӯзон, донишҷӯён ва коргарони ҷавон аст.

Ба гуфтаи вай “бароварда нашудани тамоюлот ва хостҳои маънавӣ ва динии ҷавонон ва посухҳои суннатӣ ба саволҳои онон, мӯҷиби эҷоди навъи халои фикрӣ дар миёни ҷавонони ҷумҳуриҳои Осиё Марказӣ шуда ва дар ин ҳолат хатари талқини афкори ифротӣ, якояки онҳоро таҳдид мекунад”.

Дар ҳақиқат чунин баназар мерасад, ки мубаллиғони фирқаҳои ваҳобӣ бо ҳамин ҳарбаи афкори худро дар байни ҷавонони таблиғ ва тарвиҷ мекунанд  ва роҳбарои давлати Осиёи Марказӣ ба ин амр воқиф шудаанд.