Таҳдиди Осиёи Марказӣ тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ
(last modified Mon, 24 Sep 2018 10:15:45 GMT )
Сентябр 24, 2018 15:15 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Осиёи Марказӣ тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ

Анатолий Сидоров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз тарҳи мавсум ба “хилофати бузург” –и гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дод.

Анатолий Сидоров дар нишасти хабарӣ дар бораи баргузории маневри ояндаи “Бародарони ҳамразм – 2018” эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба густариши фаъолиятҳои террористии гурӯҳи ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва тасмими онҳо барои вуруд ба минтақаи Осиёи Марказӣ, ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо танишҳои зиёде рӯбарӯ аст, ки муҳимтарин таҳдиди кунунии кишварҳои ин минтақа - фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Изҳороти раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи СПАД нишондиҳандаи нигарониҳои ин созмон ва кишварҳои узви он дар сатҳи Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Марказӣ аст. Воқеият он аст, ки ба далели хатароти ҳузури аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, мақомҳои ин ҷумҳуриҳо ва ҳамчунин СПАД ба шиддат нигарони таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳомиёни онҳо дар минтақа ҳастанд. Ба унвони мисол, дабири кулли СПАД пеш аз ин гуфта буд, ҳузури террористҳо дар наздикии марзи Тоҷикистон, таҳдиде барои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ҳузури ДИИШ дар Афғонистон боис шудааст, ки тамоми кишварҳои ҳаммарз бо ин кишвар, нигарони нуфузи ҷараёнҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ дар кишвари худ бошанд. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон ҳамакнун ба маҳалле амн барои аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар минтақа табдил шудааст.

Дар ҳамин иртибот, таҳқиқоти маркази мутолеотии “Ҷеймз Тун” баёнгари он аст, ки фаъолони тотори Қрим аз Украина таъсири басазое бар раванди рушд ва тақвияти ҷараёни ифротгароии исломӣ ва миллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вижа дар кишвари Ӯзбакистон доштаанд. Бар асоси таҳқиқоти маркази мутолеотии “Ҷеймз Тун”, фаъолони тоторҳои Қрим, ки тавассути давлати Русия ба унвони созмони мамнуа матраҳ мешавад, илова бар анҷоми иқдомоти харобкорона дар минтақаи Ховари Миёна, ҳавзаи фаъолияти худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вижа кишвари Ӯзбакистон кашондаанд.

Дар айни ҳол, дар моҳи декабри соли 2016 –и мелодӣ Вазорати умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон аз омори 17 ҳазор нафарии пайравони ҷунбиши мавсум ба “салафият” дар ин кишвар хабар дода буд.

Дар ин иртибот, Давлат Аброев, аз коршиносони умури динӣ ва яке аз масъулони Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфтааст: “Фақр ва пойин будани саводи динӣ дар миёни мардум, ба хусус ҷавонон, иллати аслии гароиши мардуми Қазоқистон ба самти ифротгароӣ аст. Бештари аъзои гурӯҳҳои ифротиро ҷавонони 25 то 35 солаи рустоӣ ташкил медиҳанд, ки бештари ин афрод дар хонаводаҳои фақир бузург шудаанд ва дар мадорис ва донишгоҳҳои олӣ омӯзиш надидаанд”.

Ин таҳқиқот ва изҳори назарҳо ҳамагӣ нишондиҳандаи ин ҳақиқат аст, ки ҳеҷ кадом аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар иртибот бо терроризм, аз ҳошияи амн бархурдор нестанд. Нигарониҳои пайдарпайи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва талош ба манзури эҷоди ваҳдат дар заминаи мубориза бо ин ҷараёни террористӣ, аз ҷумлаи далоили аслии ин нигарониҳо аст.