Сентябр 26, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи тарҳи ДИИШ барои эҷоди пойгоҳ дар Осиёи Марказӣ

Раиси Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз тасмими гурӯҳи террористии ДИИШ барои таъсиси пойгоҳи ҷадид дар Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “АКИпресс”, Андрей Новиков рӯзи сешанбе дар ҳошияи размоиши зиддитеррористии ин созмон дар Қирғизистон гуфт, ДИИШ ба дунболи таъсиси гурӯҳе таҳти унвони “Гурӯҳи хуфта” дар Осиёи Марказӣ ва ҷазби нерӯҳои ҷадид аз кишварҳои ин минтақа аст.

Новиков бо баёни ин ки ҳамаи фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ҳозир дар Осиёи Марказӣ ба диққат расад мешавад, афзуд: Яке аз далоили баргузории маневрҳои зиёди зиддитеррористӣ тақвияти нерӯҳои дифоӣ - амниятии минтақа барои муқобила бо таҳарукоти ин гурӯҳи террористӣ аст.

Пештар Анатолий Сидоров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз баргузории размоиши зиддитеррористӣ дар қаламрави Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, мавсум ба “Бародарони ҳамразм – 2018” дар рӯзҳои аввал ва дувуми моҳи ноябри 2018 хабар дод ва гуфт: Минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир бо танишҳои зиёде, аз ҷумла фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон рӯбарӯ аст.

 

Барчасп