Тарҳи Назарбоев барои эҷоди минтақаи бозаргонии Осиёи Марказӣ
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон хостори афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва эҷоди минтақаи байналмилалии бозаргони “Осиёи Марказӣ” бо ҳамкории Узбакистон шуд.
Нурсултон Назарбоев, ки дар нишасте дар бораи тавсеаи иқтисодӣ ва бозаргонии устони Туркистони ин кишвар сухан мегуфт, тасреҳ кард, Остона аз қобилияти афзоиши мубодилоти бозаргонӣ бо Узбакистон то 2020 ба 5 миллиард доллар дар сол бархурдор аст.
Тарҳи пешниҳодии Назарбоев дар ҳолест, ки Қазоқистон ва Узбакистон ду рақиби дерина дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд.
Ҳар кадом аз ин ду кишвар талош мекунанд, раҳбарии ҷумҳуриҳои ин ҳавзаро ба уҳда бигиранд.
Шакке нест, ки барқарории равобити тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ аз роҳҳои аслии контроли ноамнӣ ва муқобила бо ҷарёнҳои воридотӣ ва нуфузи бегонагон ба ин минтақа аст.
Омина Шерхонӣ, аз коршиносони масоили Осиёи Марказӣ гуфтааст, “имрӯза амният аз буъди маҳдуди низомӣ хориҷ шуда ва ашколи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ ба худ гирифтааст. Аз онҷо, ки фиқдони амният дар як минтақа метавонад бар абъоди амнияти ҷаҳонӣ таъсиргузор бошад, лизо амнияти Осиёи Марказӣ ба далели вижагиҳои хосси худ наметавонд ҷудо аз амнияти ҷаҳонӣ бошад”.
Мубодилоти бозаргонии Қазоқистон ва Узбакистон дар 2017 ба беш аз 2 миллиард доллар болиғ шудааст.
Григорий Михайлов, коршиноси сиёсии рус гуфт, “агар кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити худро тақвият кунанд ва мушкилоте монанди даргириҳои марзӣ, қатъи манобеи энержӣ ва об мутаваққиф шавад , ин мавзуъ ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст”.
Тарҳи эҷоди минтақаи бозаргонии Осиёи Марказӣ ва бозори муштарак дар ин минтақа, аз ҷумлаи роҳҳои воқеии муқобила бо ҷарёнҳои нуфузии бегона бавижа фирқаи золаи ваҳҳобият ва ҷарёни вобаста ва террористии ДИИШ дар ин минтақа аст.