Духтари президенти пешини Узбакистон озод шудааст?
Манобеи хабарии минтақа ахбори зидду нақизеро дар бораи сарнавишти Гулнора Каримова, Духтари калонии Ислом Каримов, президенти пешини Узбакистон мунташир кардаанд.
Ба нақл аз Каниюз, духтари калонии президенти пешини Узбакистон Гулнора Каримова, ки дар гирифтани пора аз чанд ширкати хориҷӣ айбдор ва дар ватан ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас озод гашта, ҳоло дар хонаи худ қарор дорад.
Ин хабар 1 октябр дар саҳифае дар Instagram нашр шуд, ки гӯиё ба духтари Гулнора Каримова — Имон Каримова тааллуқ дорад. Пештар хабаргузории «Фарғона» иттилоъ дод, ки Каримоваи хурдӣ 28 сентябр аз Тошканд ба Лондон парвоз кардааст.
Вале Додситонии кулли Узбакистон хабари раҳоии Гулнора Каримоваро рад кард. «Каримова тибқи қонунгузорӣ, муҳлати ҷазои худро дар зиндон адо мекунад», — омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Пештар ширкатҳои мухобиротии аврупоӣ ба Вазорати адлияи ИМА иқрор карданд, ки барои ворид шудан ба бозори алоқаи Узбакистон ба Гулнора Каримова чандин миллиард пора доданд. Додситонии кулли Узбакистон ҳам Каримоваро дар пинҳон кардани даромадҳои чандинмиллионии худ аз мақомоти андоз ва азхудкунии амволи ғайр ба маблағи чандин миллион сӯм айбдор карда буд.
Бахши узбакии Радиои Озодӣ иттилоеро дастрас кард, ки гӯиё Каримова моҳи август аз зиндон озод шуда, ҳоло дар ҳабси хонагист. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Каримова аз зиндони ноҳияи Зангиота озод шуда, ҳоло дар ҳабси хонагӣ дар манзили худ, воқеъ дар кӯчаи Содиқ Азимови шаҳри Тошканд қарор дорад.
Дар бораи Гулнора Каримова додситонии кулли Узбакистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дода буд. Додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон гуфт, баргашти Каримова ба хонаи худ натиҷаи гуфтугӯҳои вакили дифои ӯст. «Ба Каримова шарт гузоштаанд, ки дар хонааш ором зиндагӣ кунад. Дар хонаи ӯ ҳатто Интернет нест».