Афзоиши ҳузури гурӯҳҳои террористии узбек дар Афғонистон
(last modified Sat, 06 Oct 2018 13:12:06 GMT )
Октябр 06, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳузури гурӯҳҳои террористии узбек дар Афғонистон

Фаъолияти гурӯҳҳои террористии узбек дар Афғонистон дар солҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, бо вуҷуди талошҳои густурдаи давлати Узбекистон барои маҳор ва контроли фаъолиятҳои террористии гурӯҳҳои ҷиҳодии ин кишвар, ҳузур ва фаъолияти ин гурӯҳҳои низомӣ монанди “Ҷамоати Имом Бухорӣ”, “Ҷунбиши исломии Узбекистон”, Катиба ал Тавҳид”, “ал Ҷиҳод” ва “Анҷумани ҷиҳоди исломӣ” алайҳи нируҳои давлатии Афғонистон рӯ ба афзоиш аст.

Бар асоси гузориши расонаи амрикоии Long War Journal, гурӯҳи террористии “Ҷамоати Имом ал-Бухорӣ” яке аз гурӯҳҳои террористии Узбекистон вобаста ба Алқоида аст, ки дар ду соли гузашта ба таври мураттаб видеоҳои таблиғотии ҳузури худ дар Афғонистонро мунташир ва ҳадафи худро ташкили давлати исломӣ дар Осиёи Марказӣ, сарнагунии давлати Башор Асад ва густариши идеологияи салафии ҷиҳодӣ дар саросари дунё аз тариқи аъмоли зӯр эълом кардааст.

Аз баҳори соли 2018, террористҳои узбек ба ҳамроҳи Толибон, беш аз 10 ҳамлаи террористӣ бо номи амалиётҳои “хандақ ва мансурӣ” дар Афғонистон анҷом додаанд.

Ин гурӯҳҳо бештар дар вилоятҳои Форёб ва Ҷузҷон, ки аксари мардуми онҷоро қавми узбек ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд.

“Ҷамоати Имом ал Бухорӣ” ба ҳамроҳи “Алқоида” нақши барҷастае дар шимолу ғарби Сурия дар мубориза бо Башор Асад ифо кардааст.