Оғози размоиши низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i38660-Оғози_размоиши_низомии_Созмони_паймони_амнияти_ҷамъӣ_дар_Қирғизистон
Размоиши низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо номи “Таомул- 2018” бо ҳузури нерӯҳои низомии кишварҳои узви ин созмон дар Қирғизистон оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 10, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистон

Размоиши низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо номи “Таомул- 2018” бо ҳузури нерӯҳои низомии кишварҳои узви ин созмон дар Қирғизистон оғоз шуд.

Ба нақл аз Форс, ин размоиш бо ҳузури генерал Райимберди Дуйшенбиев, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Анатолий Сидоров, раиси ситоди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар пойгоҳи низомии Эделвейс дар шимоли Қирғизистон оғоз шуд.  

Ҳадаф аз ин размоиш тақвияти омодагии нерӯҳои низомӣ ва тамрини мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ эълом шудааст.

Ин размоиши серӯза охирин даври барномаи бузурги мавсум ба “Бародарии низомӣ- 2018” аст, ки дар чорчуби он тамринҳои мухталиф дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳузури низомиёни Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон баргузор шуд.