Октябр 22, 2018 15:31 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ва Фаронса қарордоди ҳамкории фазоӣ имзо карданд

Раиси маркази миллии мутолеоти фазоии Фаронса (CNES) ва вазири хориҷаи Узбакистон қарордоди ҳамкории фазоӣ имзо карданд.  

Ҷон Ив Ле Гал, раиси маркази миллии мутолеоти фазоии Фаронса ва Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Узбакистон қарордоди ҳамкории фазоӣ имзо карданд.

Бар асоси ин қарордод, ду кишвар дар заминаҳои илми фазо, моҳвораҳо, пажуҳишҳо ва фанновариҳои фазоӣ ва ҳамоҳангии масоили байналмилалӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунанд.

Имзои ин қарордод барои Узбакистон ва Фаронса имкони тавсеаи тарҳҳои фазоии мутааддидеро дар заминаҳои мухталиф эҷод хоҳад кард.

Ҳамакнун дар Узбакистон 16 ширкати муштарак бо сармояи сармоягузорони фаронсавӣ фаъолият мекунанд.