Ноябр 05, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як гурӯҳи вобаста ба ДИИШ дар Қирғизистон

Террористҳои вобаста ба ҷараёни ДИИШ ҳамчунон дар Қирғизистон дар ҳоли барномарезӣ барои ҷазби нерӯ ва амалиёти террористӣ ҳастанд.

Хадамоти амнияти давлатии Қирғизистон эълом кард, як гурӯҳи террористӣ, ки дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамалоти интиҳорӣ буданд, дар Қирғизистон шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Бинобар эъломи Хадамоти амнияти давлатии Қирғизистон, панҷ шаҳрванди хориҷӣ ва чаҳор шаҳрванди қирғизӣ ба иттиҳоми ҷазби нерӯ барои таълими фаъолитҳои террористӣ ва барномарезӣ барои анҷоми ҳамалоти интиҳорӣ дар вилояти Чуй, дар шимоли Қирғизистон боздошт шудаанд.

Як шаҳрванди қирқизӣ низ ба иттиҳоми талош ҷиҳати интиқоли 700 ҳазор рубл барои террористҳои вобаста ба гурӯҳи ДИИШ дар Русия боздошт шудааст.

Боздошти ин гурӯҳ нишондиҳандаи идомаи фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Қирғизистон аст. Дар воқеъ, ҷазби нерӯ ва омӯзиши низомии ҷавонони фиребхӯрдаи Қирғизистон ҷиҳати эъзом ба Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Ба назар мерасад, ҷазби нерӯ тавассути гурӯҳи ДИИШ дар Қирғизистон ҳамчунон идома дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе нухбагони фикрӣ дар дохили Қирғизистон талош мекунанд воқеиятро ба гунае дигар ҷилва диҳанд.

Ба унвони намуна, Элмира Нагугайбоева, як коршиноси сиёсии муқими Бишкек зимни талош барои фарофикании буҳрони дохилӣ гуфтааст: “Қирғизистон кишваре бо 6 миллион нафар ҷамъият дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони “Биҳишти демократия” шинохта мешавад ва ба далели ин ки Қирғизистон як ҷомеаи боз дорад, нерӯҳои ифротгаро аз кишварҳои ҳамсоя, яъне Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин кишвар ҳуҷум овардаанд”.

Бо вуҷуди чунин дидгоҳҳое, раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла Қирғизистон дар тӯли сол чандин нишаст дар сатҳҳои мухталиф ба манзури баррасии роҳҳои муқобила бо ҷараёни ДИИШ баргузор мекунанд. Боздошти бархе аз аъзои фаъоли ДИИШ дар Қирғизистон нишон медиҳад, ки сиёсатҳои ИДМ ба манзури муқобила бо ҷараёни ДИИШ бенатиҷа будааст. Як эҳтимоли қавӣ дар ин замина, ҳамкории бархе аз сиёсатмадорони баландпояи давлати Бишкек бо ҷараёни ДИИШ дар Қирғизистон аст. Ин эҳтимол, ки то ҳудуди зиёде воқеӣ ба назар мерасадро бояд мушкили тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Қирғизистон қаламдод кард.

 Дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар моҳи октябри соли 2017 –и мелодӣ, бархе расонаҳои ғарбӣ бо таъна навиштанд: “Дар Бишкек тақрибан ҳама дар бораи террористҳои ДИИШ сӯҳбат мекунанд, ба ҷуз сиёсатмадорон”.

Дар айни ҳол, ҳеҷ кадом аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон мавзӯи терроризмро дар барномаҳои таблиғотии худ нагунҷонида буданд ва ба ин масъала бетаваҷҷӯҳӣ карданд. Дар натиҷаи ин бетаваҷуҳиҳо тайи солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Қирғизистон ва Тоҷикистон ба узвияти гурӯҳи террористии ДИИШ даромадаанд ва то кунун даҳҳо шаҳрванди ин ду кишвар дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд. Наздик ба 850 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон барои ҳузур дар гурӯҳи террористии ДИИШ то кунун ба Сурия эъзом шудаанд, ки аз ин теъдод 150 нафар дар ҷанг кушта шудаанд.

Аммо ин нуктаро низ набояд аз назар дур дошт, ки фақр яке аз авомили аслии гароиши ҷавонони қирғиз ба ҷараёни ДИИШ аст. Беш аз як севум аз ҷавонони Қирғизистон бекор ҳастанд ва бисёре ҳам барои ёфтани кор ва гузаронидани зиндагӣ ба Русия муҳоҷират мекунанд. Шакке нест, ки Қирғизистон шояд танҳо кишваре бошад, ки иқтисодаш бо пуле, ки аз хориҷ ба ин кишвар фиристода мешавад, побарҷост.