Тарҳи муштараки Қазоқистон ва Русия барои тавлиди ҳавопаймо
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i39364-Тарҳи_муштараки_Қазоқистон_ва_Русия_барои_тавлиди_ҳавопаймо
Мудири кулли ширкати «Ил» гуфт: Қазоқистон ва Русия барномарезӣ кардаанд дар оянда ҳавопаймои «Ил -103М»-ро тавлид кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи муштараки Қазоқистон ва Русия барои тавлиди ҳавопаймо

Мудири кулли ширкати «Ил» гуфт: Қазоқистон ва Русия барномарезӣ кардаанд дар оянда ҳавопаймои «Ил -103М»-ро тавлид кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Алексей Рагозин мудири кули ширкати «Ил» дар нишасти хабарӣ гуфт: Қазоқистон ва Русия барномарезӣ мекунанд дар оянда ҳавопаймои «Ил -103М»-ро тавлид кунанд.

Вай афзуд: Қазоқистон ва Русия дар соли 2019 ширкати муштараке дар ҳавзаи модернизатсияи ҳавопаймоҳои «Ил - 103М» таъсис мекунанд.

Рагозин гуфт: Нахустин ҳавопаймои ин ширкат дар соли 2022 тавлид хоҳад шуд.

Дар чорчуби понздаҳумин ҳамоиши байниминтақаии Русия ва Қазоқистон дар шаҳри Петропавловски Қазоқистон, ду кишвар қарордодеро дар бораи эҷоди тарҳи байналмилалии саноатӣ бо ҳадафи тавлиди ҳавопаймоҳои «Ил -103М» имзо карданд.