Ноябр 11, 2018 15:01 Asia/Dushanbe
  • Нахустин ҷашнвораи гардишгарии суфиён дар Узбакистон

Нахустин ҷашнвораи байналмилалии гардишгарии суфиён бо ҳузури беш аз 150 нафар аз пайравони тариқати "Нақшбандия" дар Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ 10 нафар аз уламои барҷастаи динӣ аз кишварҳои Малайзия, Индонезия, Туркия, Англия, Нюзиланд, Чин, Ҳинд, Австралия, Амрико ва Африқои Ҷанубӣ ширкат кардаанд.

Нахустин ҷашнвораи гардишгарии суфиён дар Узбакистон фардо ба кори худ поён медиҳад.

Ҳадафи аслии ин ҷашнвора арҷ ниҳодан ба нақши донишмандони бузурги исломии зодаи Осиёи Марказӣ ва ошноӣ бо одобу русуми динии минтақа эълом шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ ду равияи суфиҳо - "Нақшбандия" ва “Қодирия" фаъол аст, ки пайравони ин равияҳо дар гузашта бо фишорҳое аз сӯи гурӯҳҳои салафӣ ё ваҳобӣ мувоҷеҳ будаанд.