Ноябр 11, 2018 16:03 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти сарони кишварҳои узви СПАД бо имзои шонздаҳ санади ҳамкорӣ

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар поёни нишасти Остона дар Қазоқистон шонздаҳ санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Раисҷумҳурҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва нахуствазири Арманистон асноди ҳамкориҳои мухталиф, аз ҷумла эҷоди нерӯҳои вижаи низомӣ, иҷрои сиёсати иттилоотии муштарак, роҳандозии Маркази ҳалли буҳронҳо ва густариши ҳамкории ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро имзо карданд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳдофи аввалияи таъсиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба назар мерасад, эҷоди нерӯҳои вижаи низомии ин созмон аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо аҳдофи мутанаввеъ дар соли 1992 таъсис шудааст. Бинобар ин маҳдуд кардани заминаҳои густариши Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва ҳамчунин костан аз нуфузи Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва дар маҷмӯъ, тамоми кишварҳои ҳамсояи Русия дар муқоиса бо соири аҳдоф аз аҳамияти барҷастатаре бархурдор ҳастанд. Дар айни ҳол эҷоди системаи иттилоотии муштарак, роҳандозии Маркази ҳалли буҳронҳо ва иҷрои сиёсати иттилоотии муштарак низ аз ҷумлаи ниёзҳои асосии аъзои ин созмон қаламдод мешавад, ки дар нишасти ахири сарони ин созмон дар Остона ба тавофуқи тамоми аъзо мувоҷеҳ шудааст. Пеш аз ин бархе аз коршиносони масоили кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ниёзҳои асосии ин созмон ба анҷоми ислоҳотро бисёр зарурӣ қаламдод карда буданд. Шакке нест, ки дар изҳори назарҳои раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таноқузҳое дар заминаи мусавваботи ин созмон мушоҳида мешавад. Ба унвони мисол, дар нишасти моҳи феврали соли 2015-и Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ раҳбарони ин созмон таъкид карданд, дар муноқишаи арзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари моликияти минтақаи Қарабоғ мудохилаи низомӣ нахоҳанд кард. Ба ҳар ҳол, ба назар мерасад, раҳбарони СПАД дар пайи бозсозии ин созмон бо ҳадафи ифои нақши муҳимтар дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд.

Яке дигар аз муҳимтарин мушкилоти кишварҳои ин ҳавза густариши терроризм ва ифротгароии динии воридотӣ аз Арабистони Саудӣ ва бархе аз дигар кишварҳои муртаҷеи араби ҳошияи Халиҷи Форс аст. Муқобила бо ноамнӣ ва терроризмро бояд аз муҳимтарин авлавиятҳои СПАД қаламдод кард. Дар ҳақиқат, тайи наздик ба як даҳаи гузашта, ки бархе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба ҳамкорӣ бо Арабистон ва Аморот тарғиб шуданд, мушкили ноамнӣ ва ифротгароии динӣ гиребони давлатҳои ин ҳавзаро гирифтааст. Режими Саудӣ бо сарфи ҳазинаҳои зиёд ҷавонони мусалмони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро фиреб дод ва ба манзури таҳаққуқи аҳдофи Амрико ва Исроил онҳоро ба Сурия ва Ироқ эъзом кард.

Нуфузу пули Арабистон мумкин аст, барои бархе аз давлатмардони дунёталаби ин ҳавза рифоҳи муваққатӣ  ҳамроҳ дошта бошад, аммо дар ниҳоят ба бурузи ноамнӣ дар кишварҳои ин ҳавза мунҷар хоҳад шуд, дар ҳоле ки раҳбарони кишварҳои узви СПАД ба манзури муқобила бо ноамнии терроризм ва эҷоди пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон тайи чанд соли гузашта даҳҳо нишаст баргузор кардаанд.