Ноябр 16, 2018 17:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳурии Қирғизистон бар нақши Ислом дар тавсеаи ҷомеа

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, густариши арзишҳои Исломи суннатӣ нақши муҳимме дар тақвияти амнияти ин кишвар дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сооронбой Жээнбеков гуфт, ҷамъияти Қирғизистон шомили фарҳангҳо, мазҳабҳо, ақвом ва забонҳои мухталиф аст, ки ҳамзистии онон бо ҳамдигар ҳадафи аслии давлат аст.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба тақвияти таҳдидоти муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, давлат бояд барои тавсеаи бахши омӯзиши динӣ талош кунад ва аз ин рӯ, дар донишгоҳҳои динии Қирғизистон стандартҳои ҷадид ворид шудаанд ва олимон бо вазорати омӯзишу парвариш ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков афзуд: Мактабҳои динӣ, коллеҷҳои исломӣ, институти исломӣ ва донишгоҳи исломӣ пулҳои хубе барои эҷоди системаи омӯзишии воҳиди динӣ мешавад, ки дар оянда академияи исломӣ таҳти назорати давлат низ таъсис мешавад.

Вай таъкид кард: Ислом бахши калидии Қирғизистони муосир аст ва барои тавсеаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳавзаҳо кумак мекунад.