Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ дар Бишкек
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i39550-Нишасти_солонаи_муовинони_вазирони_умури_хориҷии_Осиёи_Марказӣ_дар_Бишкек
Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Бишкек баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 18, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ дар Бишкек

Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Бишкек баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки дар мақарри минтақаии Созмони Милали Муттаҳид бо мавзӯи дипломатияи пешгирона баргузор шуд, ҳайати тоҷикистонӣ бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Исматуллоҳ Насриддин ҳузур дошт.

Дар ин нишаст мавзӯи тақвияти амният дар минтақа ва ҳамкориҳои оянда дар заминаи таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст дар бораи вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаӣ низ гуфтугӯ шудааст.