Ноябр 26, 2018 13:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 80 тоҷик дар зиндонҳои Қирғизистон

Мудирияти зиндонҳои давлати Қирғизистон дар гузориши расмие аз ҳузури 80 тоҷик дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Хадамоти мудирияти зиндонҳои давлати Қирғизистон дар иттилоияи расмие аз ҳузури 80 тоҷик дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод. Бар асоси ин гузориш, 80 тоҷики 20-50-сола дар зиндонҳои Қирғизистон ҳузур доранд, ки ҷурми 70 дарсади онон қочоқи маводи мухаддир аст. Иллиана Соботова, раиси дафтари иттилоърасонии Хадамоти мудирияти зиндонҳои давлати Қирғизистон афзуд, байни давлатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкорӣ дар бахши интиқоли муҷримон вуҷуд дорад, аммо Душанбе ҳанӯз дархосте барои бозгашти шаҳрвандони зиндонии ин кишвар ироа надодааст.

Дар Қирғизистон 11 зиндони боз, 13 зиндони умумӣ, 6 боздоштгоҳу як зиндони махсуси маҳкумон ба ҳукми ҳабси абад фаъолият мекунад.