Дархости Қазоқистон аз Русия ва Украина
(last modified Tue, 27 Nov 2018 08:55:21 GMT )
Ноябр 27, 2018 13:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости Қазоқистон аз Русия ва Украина

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз Русия ва Украина хост, аз шиддат додан ба танишҳо дар Баҳри Азов худдорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ержан Ашикбаев муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон рӯзи душанбе дар нишасте бо ташреҳи вазъияти киштиҳои Русия ва Украина дар тангаи Керч гуфт: Бидуни шак ин вазъият нигаронии кишварҳои минтақаро дар пай дорад.

Павло Климкин вазири умури хориҷаи Украина низ дар ин бора гуфт, кишвараш ба дунболи роҳҳое барои ҳалли муноқишаи тангаи Керч бо рӯйкарде мусолиматомез аст.

Вазорати умури хориҷаи Русия пеш аз ин дар баёнияе эълом карда буд, ҳар иқдоме алайҳи ҳокимияти ин кишвар бо вокуниши ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Баҳри Азов бахши шимолии Баҳри Сиёҳ аст, ки аз роҳи тангаи Керч ба он мепайвандад.

Русия шомгоҳи якшанбе дар тангаи Керч ба сӯи се киштии украинӣ оташ кушод ва онҳоро аз ҳаракат боздошт, ки се хадамаи ин киштиҳо низ маҷрӯҳ шуданд.

Русия мегӯяд, Украина ҳеҷ гуна дархосте барои убури ин киштиҳо ироа накарда буд, аммо тарафи украинӣ мегӯяд, шиноварҳои онҳо тибқи барномаи аз қабл ҳамоҳангшуда, аз бандар Одесса ба бандари Мариупол дар баҳри Азов дар ҳаракат буданд.

Равобити Русия ва Украина аз соли 2014 тира шудааст.