Декабр 02, 2018 11:39 Asia/Dushanbe
  • Баррасии содироти гази Туркманистон ба Русия

Раиси ҷумҳурии Туркманистон ва раиси ширкати Газпроми Русия дар Ашқобод дидор ва дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи содироти гази Туркманистон, гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин дидор, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии Туркманистон ва Алексей Миллер раиси ширкати Газпроми Русия масоили истихроҷи газ ва тавлиди маҳсулоти газии Туркманистонро баррасӣ карданд.

Чанде пеш музокироти Бердимуҳаммадов бо баъзе аз мақомоти аршади Русия сурат гирифт, ки дар он дидор алоқамандии Маскав барои харидории гази тавлиди Туркманистон аз таърихи якуми январи соли 2019 эълом шуд.