Декабр 08, 2018 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ташкили Созмони молии муштарак байни Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон

Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон барои сохти хатии роҳи оҳане нав, як созмони молӣ эҷод мекунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, нишасти раисони созмонҳои роҳи оҳании Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Дар ин нишаст масоили муҳимме монанди иҷрои сохти хатти роҳи оҳани "Мазоршариф-Кобул- Пешовар" баррасӣ шуд.

Дар поёни ин нишст протоколе бар асоси эҷоди гуруҳи корӣ ва созмони молии муштарак байни созмонҳои роҳи оҳании Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон ба имзо расид.

Иҷрои ин тарҳи роҳи оҳнӣ барои 30 ҳазор нафар аз мардуми Афғонисмтон фурсати шуғлӣ эҷод ва ба Кобул имкони дарёфти суди солона аз транзит ба арзиши 400-500 миллион долларро фароҳам мекунад.

Ҳамчунин иҷрои ин тарҳ метавонад мубодилоти бозаргонии Афғонистонро, то 50 дарсад афзоиш диҳад ва ҳамчунин барои Афғолнистон, кишварҳои Осиёи марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ имкони дастрасӣ ба бозорҳои минтақаро фароҳам кунад.

Бар асоси баровардҳои коршиносон, дар солҳои аввал ин хатти роҳи оҳан метавонад ҳудуди 5 миллион тон бор ва солҳои оянда. то 15 миллион тон борро ҷобаҷо кунад.