Декабр 14, 2018 16:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Қазоқистон

Муовини сафири Қазоқистон дар Тошканд аз афзоиши мубодилоти тиҷории байни ду кишвар то панҷ миллиард доллар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Фарҳод Абдулхолиқов муовини сафири Қазоқистон дар Узбакистон дар маросими бистуҳафтумин солгарди истиқлоли Қазоқистон дар Тошканд гуфт: Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар назар доранд то соли 2020 мубодилоти бозаргониро то панҷ миллиард доллар афзоиш диҳанд.

Фарҳод Абдулхолиқов бо ишора ба инки дар Қазоқистон ҳудуди 800 корхона бо сармояи сармоягузорон узбакистонӣ фаъолият мекунад, афзуд, ин ҳамкориҳои наздики байни ду кишвар дар натиҷа равобити самимӣ байни Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон беш аз пеш таҳким ва густариш хоҳад ёфт.

Қазоқистон дар таърихи 16 декабри соли 1991 аз Шӯравии собиқ истиқлол ёфт.