Декабр 20, 2018 14:08 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз афзоиши фасоди молӣ дар давлати Қирғизистон

Як мақоми амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, густариши фасоди молӣ дар миёни давлатмардони ин кишвар нигаронкунанда аст.

Сагинбек Исмоилов, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо ишора ба боздошти Азимҷон Ҷосабаллиев, муовини вазири ҳамлу нақли Қирғизистон ба далели фасоди молӣ таъкид кард, дар парвандаи марбут ба фасод дар Вазорати ҳамлу нақл номи дигар мақомҳои Қирғизистон низ вуҷуд дорад. Онон низ барои ҷароими худ таҳти пайгард қарор хоҳанд гирифт.

Азимхон Ҷасабаллиев, муовини вазири ҳамлу нақли Қирғизистон ду ҳафта пеш ба иттиҳоми дарёфти ришваи 500 ҳазордолларӣ аз сӯи Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шудааст. Боздошти ин мақоми давлати Бишкек дар ҳоле сурат гирифт, ки пеш аз он Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон вазири ҳамлу нақли ин кишварро ба далели бекифоятӣ аз кор барканор карда буд. Аз замони рӯйи кор омадани Сооронбой Жеенбеков тайи як соли гузашта, вай ҳамвора бо ғайриқабул донистани фасоди молӣ дар миёни кормандони ниҳодҳои давлатӣ таъкид кардааст, фасоди молӣ монеи аслии таҳаввулоти демократӣ дар Қирғизистон аст.

Раисҷумҳурии Қирғизистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки амвол ва дороиҳои сиёсатмадорон ва масъулони муттаҳам ба фасоди иқтисодӣ ба нафъи проектҳои иҷтимоӣ забт шавад.

Бо вуҷуди он ки Қирғизистон пешрафтатарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар заминаи демократияи ғарбӣ қаламдод мешавад, фасоду ришвахорӣ дар ин кишвар, ба вижа дар миёни мақомҳои баландпояи давлати Бишкек беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки дар Қирғизистон демократия мавриди назари давлатҳои ғарбӣ, бо ришвахорӣ ҳамоҳанг ва по ба пойи якдигар пеш мераванд. Дар ҳоле, ки ришвахорӣ ва фасод ҳамвора як ё ду гом аз демократия пештар аст.

Густариши фасоду ришвахорӣ дар Қирғизистон дар ҳоле аст, ки ин кишвар бидуни дарёфти кумакҳои хориҷӣ имкони идомаи ҳаёт надорад. Дар ин иртибот  Андрей Казантсев, мудири Маркази пажӯҳишии донишгоҳи равобити байналмилалии Русия гуфтааст: Умдаи кумакҳои молии хориҷӣ, вомҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ, ихтисоси эътибороти молӣ аз сӯи давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ва даромадҳои ношӣ муҳоҷирони хориҷӣ танҳо роҳҳои касби даромади будҷаи давлати Қирғизистон аст. Ин авомил нишон медиҳанд, ки бидуни кумакҳои молии хориҷӣ ин кишвари Осиёи Марказӣ тавони иҷрои барномаҳои тавсеаи миёнамуддатро барои солҳои оянда нахоҳад дошт.

Ба ҳар ҳол, бояд гуфт, аз замоне, ки Жеенбеков зимоми умури Қирғизистонро ба даст гирифтааст, тайи як соли ахир даҳ тан аз мақомҳои баландпояи давлати Бишкек ба далели фасоду ришвахорӣ аз кор барканор шудаанд. Як тафовути умдаи Жеенбеков, панҷумин раисҷумҳури Қирғизистон аз замони истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 мелодӣ бо дигар раисони ҷумҳурии ин кишвари Осиёи Марказӣ дар ин аст, ки тамоми афроди фосид пас аз поёни даврони раисони ҷумҳурии Қирғизистон муҳокима ва зиндонӣ шудаанд. Дар ҳоле, ки Жеенбнков дар як иқдоми бесобиқа дар даврони зимомдории худ ба ихроҷ, барканорӣ ва ҳатто ҳабси шумори зиёде аз мақомҳои фосиди давлатӣ раъй додааст.

Бо вуҷуди иҷрои ин сиёсат, аз мизони фасод ва ришвахорӣ дар Қирғизистон на танҳо коста нашуда, балки бар мизони он афзуда шудааст.