Сармоядори узбак: Мирзиёев сулҳро ба минтақа бозгардонд
Алишер Усмонов сармоядори узбакистонии муқими Русия гуфт: Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон сулҳро ба Осиёи Миёна бозгардондааст ва ҳамаи раҳбарони минтақа ин мавзӯъро эътироф доранд.
Усмонов дар мусоҳиба бо шумораи ҷадиди маҷаллаи амрикоии "Форбс" афзуд: Дар гузашта Узбакистон марзҳои худро бо кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ва Қирғизистон минакорӣ ва фазои танишолудеро эҷод карда буд.
Усмонов ба изҳороти як таҳлилгари узбак дар бораи муқоисаи Мирзиёев ва Горбачев вокуниш нишон дода ва таъкид кардааст: Раиси ҷумҳурии кунунии Узбакистон як ватандӯсти воқеӣ аст ва ҳеҷ гоҳ ба фурупошии Узбакистон ризоят намедиҳд.
Алишер Усмонов аз ҷумлаи сармоядорони матраҳи Узбакистон аст, ки дар даврони қудрати Ислом Каримов аз зодгоҳи худ фирор кард ва дар Русия сокин шуд.
Ӯ ахиран эълом кард, ки қасд дорад дар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Узбакистон, аз ҷумла саноату иқтисод ва низ беҳбуди фазои динӣ сармоягузорӣ кунад.
Алишер Усмонов яке аз се сармоядори бузурги Русия аст.