Декабр 21, 2018 20:53 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев марди соли Осиё шуд

Бино ба интихоби Анҷумани рӯзноманигорони Осиё (AJA), Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон ба унвони марди соли Осиё дар ҳавзаи «сиёсат» муаррифӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, саҳми арзанда дар барқарории сулҳ дар Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкориҳои наздик бо кишварҳои ҳамсоя аз далоили додани ин унвон ба Мирзиёев будааст.

Бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар моҳи декабри соли 2016 дар Узбакистон дар ин кишвар, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии густурдае ҳамчун озодсозии иқтисод, беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва озодии зиндониёни сиёсӣ анҷом шудааст.

Анҷумани рӯзноманигорони Осиё баҳори соли 2019 дар маросиме аз Мирзиёев таҷлил хоҳад кард.