Раисҷумҳуре, ки ҳам месарояд ҳам менавозад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i40447-Раисҷумҳуре_ки_ҳам_месарояд_ҳам_менавозад
Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов дар шабнишиние бахшида ба Соли нав суруди "Орзу"-ро бо забони тукрманӣ, англисӣ ва олмонӣ иҷро кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 25, 2018 14:21 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳуре, ки ҳам месарояд ҳам менавозад

Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов дар шабнишиние бахшида ба Соли нав суруди "Орзу"-ро бо забони тукрманӣ, англисӣ ва олмонӣ иҷро кард.

Ба нақл аз Ирно, дар ҷашни Соли нав, ки мақомдорони Туркманистон онро 21 декабр таҷлил карданд, тамоми сафирон ҳам иштирок доштанд. Дар он чорабинӣ Бердимуҳаммедов бо наберааш тарона суруд.

Таронаро набераи раисҷумҳур Каримӯғлӣ навиштааст. Дар навор дида мешавад, ки ба ҳозирон суруди раисҷумҳур мақбул мешавад.

Дар он раисҷумҳур худ роял ҳам менавозад.

Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки раисҷумури Туркманистон ҳунарҳои худро намоиш медиҳад. Чунончи ӯ пештар маълум гашт, ки ӯ китоб менависад ва суруд сабт мекунад. Бердимуҳаммедов ҳатто реп сароида буд.